Дар ҷумҳурӣ 73,7 % нафақагирон бо кортҳои бонкӣ таъминанд

Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 ҳазору 229 нафар нафақаи меҳнатӣ, ба 8 ҳазору 804 нафар нафақаи иҷтимоӣ ва ба 8 ҳазору 263 нафар нафақаи суғуртавӣ, ки дар маҷмӯъ 30 ҳазору 296 нафарро ташкил менамояд, нафақа таъин карда шудааст.
Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳо Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 467 ҳазору 620 нафарро дар 49 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст.
Дар маҷмӯъ теъдоди умумии нафақагироне, ки то имрӯз пардохти нафақаашон тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 73,7  % ташкил мекунад.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: