Бахшида ба Рӯзи телевизиони тоҷик, ки ҳамасола 3 октябр таҷлил мегардад, имрӯз дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, рӯзноманигорони собиқадор, ҳайати эҷодии шабакаҳои телевизионӣ, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар дар мавзӯи «Нақши Телевизиони Тоҷикистон дар ташаккули фазои иттилоотӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Назира Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳа сухан намуда, дастоварди шабакаҳои телевизиониро дар даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи ғамхории пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳа донист. Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода таъкид кард, ки саҳми рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ дар инъикоси ҳаёти ҷомеа ва пешравии бахшҳои мухталифи кишвар хеле назаррас аст. Коршиносони соҳа аз таърихи ташкилёбии телевизион ёдрас шуда, оид ба нақши телевизион дар ташаккули фазои иттилоотӣ ақидаҳои худро баён карданд.
Бо пешниҳоди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рӯзноманигорони телевизион Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ ва Насиба Бозорова бо унвони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” сарфароз гардида, ба рӯзноманигор Ғайратшои Аҳмадзод унвони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” дода шуд. Инчунин ба 10 нафар корманди фаъоли шабакаи Телевизиони Точикистон ифтихорномаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим гардид. Дар поёни ҳамоиш 30 нафар хатмкунандагони курсҳои омӯзишии Академияи ВАО-и Тоҷикистон соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Тавре директори Академияи ВАО, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода изҳор дошт, “аз таъсиси Телевизиони Тоҷикистон, ки мактаби бузурги тарбияи мутахассисони журналистикаи телевизионӣ ба шумор меравад, 58 сол сипарӣ мегардад. Тӯли ин муддат Телевизиони Тоҷикистон марҳилаҳои гуногуни рушдро паси сар намуда, имрӯз бо 24 соати пахши барномаҳояш бо панҷ забон ва тавассути пахши дақиқияташ баланд – HD дар пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар саҳми хоса дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон шабакаҳои нави телевизионӣ арзи ҳастӣ карданд, ки ин бозгӯи рушду пешрафти соҳаи телевизиони тоҷик ба шумор меравад. ТВ Сафина, ТВ Ҷаҳоннамо, ТВ Баҳористон, ТВ Синамо ва ТВ Варзиш бо вуҷуди навтаъсис буданашон ҳар яке дар миёни мардум маҳбубияти хоси худро доранду дар расонидани иттилоъ ба бинандагони худ саҳм мегузоранд”.