«Пешво — Раҳнамо» — таҳти чунин унвон курси махсуси омӯзиши китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассиса ба роҳ монда шуд.
Ба иттилои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос, дарси нахустин 25 сентябр аз рӯи асари «Тоҷикон дар ойинаи таърих» (Аз Ориён то Сомониён) оғоз гардид, ки ба омӯзгорон Аълочии маорифи Тоҷикистон, директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор дарс медиҳад.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар суҳбат гуфт, ки «ин китоб аз зумраи асарҳои беҳтарини Пешвои миллат мебошад, ки аз он оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо посухҳои дақиқу илман асоснок дарёфт кардан мумкин аст. Омӯзиши он дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллии ҷавонон саҳми арзанда мегузорад».
Ба иттилои Абдуқодири Абдуқаҳҳор, дар давоми сол ҳамзамон омӯзиши китоби дигари Пешвои миллат- «Чеҳраҳои мондагор» низ ба роҳ монда мешавад. Ҳадафи асосии ба роҳ мондани омӯзиши ин китобҳоро номбурда, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо гузаштаю имрӯзаи сарнавишти бою пурғановати мардумони ориёӣ, рӯзгору осори шахсиятҳои варзидаи таърихӣ ва фарҳангиамон арзёбӣ намуд.
«Ин кор ба он хотир зарур дониста шуд, ки дар айни ҳол теъдоди нашри китобҳои Сарвари кишвар хеле маҳдуд аст ва на ҳамаи ниёзмандон имкони дарёфту мутолиаи онҳоро доранд. Дигар ин ки дар як маҷмӯа гирд омадани маводи ин китоб, ки қаблан ба сурати пароканда дар маҷмӯаву китобҳои гуногун ва нашрияҳои даврӣ чоп шуда буданд, ба омӯзгорон имкони мусоиди истифода ва баҳрабардорӣ аз онро фароҳам меорад»,- зикр намуд Абдуқодири Абдуқаҳҳор.
Ба иттилои масъули Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, дар давраи омӯзишӣ дар қатори омӯзгорон хоҳишмандон низ имконияти иштирок доранд.
АМИТ "Ховар"