Барқияи тасаллияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа бин Зоид Оли Наҳён барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари реҳлати модари бузургворатон боиси ғаму андӯҳи мо гардид.

Дар робита ба ин талафоти гарон ба Аълоҳазрат ва ба ҳамаи наздикон ва пайвандони Шумо таъзияву тасаллияти амиқи худро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил масъалат дорам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».