Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони то 16-сола тими Умонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, дар гурӯҳи “В” ғолиб шуд ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ин бозии даври охирини мусобиқаи гурӯҳи “В” шаби якшанбеи 24-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд. Голи ягонаро Исроил Холов дар дақиқаи 76-уми дидор ба ҳадаф расонд.
Пеш аз ин бозӣ дастаҳои мунтахаби наврасони Сурия ва Молдив рақобат карданд. Суриягиҳо ба дарвозаи молдивиҳо шаш голи беҷавоб заданд.
Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 миёни бозигарони зери 16-сола
Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
Умон – Тоҷикистон – 0:1
Гол: Исроил Холов, 76.
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҷонибек Шарифов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Нидоёр Забиров, Ислом Зоиров, Шоҳрух Сангов, Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов (Рустам Соиров, 46), Исроил Холов.