Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дуюм дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои Ҷоми Президенти Қазоқистон, ки дар шаҳри Талғар баргузор шуд, аз дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҳашт даста ширкат доранд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» – Албания, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, гурӯҳи «В» – Қазоқистон-2, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Бар асоси низомномаи Мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бояд зикр кард, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар ин Мусобиқаи байналмилалӣ бар дастаи дуюми мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби калони 6:0 ғолиб омада буд.
Хотиррасон менамоем, ки футболбозони навраси тоҷик дар даври сеюми мусобиқа имрӯз, 7 сентябр бо ҳамсолонашон аз Россия қувваозмоӣ мекунанд. Ин бозӣ соати 13:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Мусобиқа барои Ҷоми Президенти Қазоқистон барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 аст, ки аз 20 то 24 сентябр дар шаҳри Ҳисор барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Сурия, Молдив ва Уммон рақобат мекунад.