Шоми дирӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2018 дастаи мунтахаби наврасони Малдивро бо ҳисоби калони 14:0 мағлуб намуд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Пас аз ин пирӯзӣ барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ як қадами дигар монд, то ки дар марҳилаи финали Чемпионати Осиё-2018 иштирок намояд. Дар вохӯрии дигари ҳамин гурӯҳ, дастаи мунтахаби наврасони Оммон ҳамсолони худ аз Сурияро бо ҳисоби калони 6:0 шикаст дод.
Дар бозӣ бар муқобили дастаи Малдив Рустам Соиров муаллифи «покер» (чор гол) ва Эмомалӣ Аҳмадхон муаллифи «хет-трик» (се гол) шуданд. Ҳамчунин Шарифбек Раҳматов ва Ислом Зоиров муаллифи «дубл» (ду гол) гардиданд. Як голии дигарро Шоҳрух Сангов ва Азизбек Ҳасанов ба ҳадаф расониданд. Як тӯби дигарро футболбози Малдив Аҳмад Нахил Иброҳим бо як иштибоҳ вориди дарвозаи худ намуд.
Баъди ин бозӣ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Оммон бо касби 6 холӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвали мусобиқа ҷой доранд. Дастаҳои мунтахаби наврасони Малдив ва Сурия бошанд, баъд аз ду нокомӣ дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд, ки аллакай имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст додаанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 24 сентябр бо дастаи миллии Омон қувва месанҷад. Вохӯрии мазкур соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Барои ишғоли зинаи якум ва баромадан ба қисмати финалии Чемпионати Осиё-2018 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар муқобили дастаи мунтахаби Оммон мусовӣ ҳам кифоя мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки марҳилаи финали Чемпионати Осиё-2018 байни наврасони то 16-сола аз 20 сентябр то 7 октябри соли оянда дар кишвари Малайзия баргузор мегардад. Аз миёни дастаҳои иштирокчии марҳилаи интихобӣ ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойи дуюмро ишғолнамуда имкон доранд, ки ба қисмати финалии Чемпионати Осиё роҳ ёбанд.
АМИТ «Ховар»