Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 17 сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шимолу шарқи ҷумҳурӣ номуътадил гашта, пастшавии ҳарорат дар ин мавзеъҳо дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 14 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат рӯзона ба 36 дараҷа мерасад. Ҳаво дар шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 2 дараҷа паст гардида, ҳарорат рӯзона ба 34 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 24 дараҷа хоҳад расид.
Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар ғарби вилоят ҳарорати 24-29 дараҷа ва дар шарқи он ҳавои тағйирёбанда ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст, ки то ба 16 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 36 дараҷа мерасад.
Ҳарорати ҳаво сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанберо, ки чанд муддатест интизори боридани борон ва пастшавии ҳароратанд, чандон хушҳол намекунад. Зеро вазъи ҳаво, ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, чанд муддати дигар тағйирёбандаи бебориш боқӣ монда, ҳарорати ҳаво барои имрӯз 35 дараҷа пешбнӣ гардидааст.
АМИТ "Ховар"