Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва сокинони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ин ноҳияро мавзеи бисёр мусоиди кишоварзӣ хонда, изҳор намуданд, ки дар тӯли 21 соли охир ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ин минтақа 5 баробар афзоиш ёфта, аз 55 миллион сомонии соли 1995 ба 277 миллион сомонӣ дар соли 2016 расидааст.
Пешвои миллат аз анори хушлаззати мавзеи Анҷироб, ки солҳои пеш на танҳо дар ҳудуди кишвар, балки берун аз он машҳур буд ва ҳар сол аз ин мавзеъ садҳо тонна анори хушсифат барои фурӯш ба шаҳру ноҳияҳои кишвар интиқол дода мешуд, ёдовар шуда, изҳори таассуф карданд, ки айни замон майдони боғҳои анори ноҳия нисбат ба соли 1991- ум 240 гектар кам шудааст.
Сарвари давлат ба амал омадани чунин вазъро ба норасоии об ва риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи боғдорӣ вобаста дониста, иброз намуданд, ки «дар сурати насб кардани таҷҳизоти обрасонӣ дар масофаи то 10 километр аз дарёи Панҷ зиёда аз 240 гектар боғи анор бунёд гардида, иловатан 500 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд. Ин кор барои барқарор намудани боғҳои анор, афзун намудани парвариши зироати гуногун, аз ҷумла картошка ва мева мусоидат хоҳад кард».
Пешвои миллат дар робита ба ин масъала мақомоти дахлдори кишварро дар таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузорӣ вазифадор намуданд.
Амит"ХОВАР"