Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба давоми 20 сол дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки аз оғози ҳамкорӣ бо бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Айни ҳол, дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст. Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар — сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030-ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ карданд.
Дар мулоқот омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки Исломии Рушд, алалхусус, «Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016 — 2020» ва «Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт» таъкид карда шуд.