Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 12 сентябр дар бештари минтақаҳои мамлакат ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон пешгӯӣ мешавад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11, рӯзона 23-28 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 1-4 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок гашта, дар бештари минтақаҳо боридани борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 25-30 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда ва боридани борон дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 10-15 ва рӯзона 30-35 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 10-12 ва рӯзона 30-32 дараҷа гарм хоҳад шуд
АМИТ "Ховар"