Дар ноҳияи Панҷ ба шарафи Истиқлолият барномаи идона доир шуд

Шоми дирӯз бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ барномаи ҳунарии идона бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи варзишгоҳ  намоиши  ҳунарҳои мардумии занони вилоят, аз ҷумла гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ,  чакандӯзӣ  ва  дигар ҳунарҳои кадбонуҳои маҳаллӣ  ба  маърази намоиш гузошта  шуда  буд.

Қисми  фарҳангии  барнома бо иштироки  ҳунармандони  шинохтаи ҷумҳурӣ ва  вилоят  баргузор  гардида, дар барнома шеъру сурудҳои ватандӯстона садо доданд.

Барномаҳои идона бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар шаҳру навоҳии  вилояти Хатлон  бегоҳи имрӯз доир мегарданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: