Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат корхонаи сангтарошии «Чилтан» ба фаъолият шурӯъ кард

Дар доираи омодагиҳо ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Ҳисор  Шарифҷон Ҷумъазода иншооти  гуногун ифтитоҳ гардида, мавриди баҳрабардорӣ карор дода шуданд.

Аз ҷумла, корхонаи сангтарошии «Чилтан» дар деҳаи Хоҷачилдиёри болои деҳоти Мирзо Ризо, корхонаи обҳои ташнагишикани «Мужда ЛТД»,  маркази саломатию варзишӣ, корхонаи «Қоғази Шарора», корхонаи истеҳсоли саноатии «Анас Одина»,  майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шӯроби Афғони деҳоти Сомон, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ ва дорухона  дар деҳаи Дучинораи деҳоти Сомон,  пули мошингузар дар деҳаи Хирманаки деҳоти Сомон, корхонаи парандапарварӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҳасиби Ҳисор» дар деҳаи Файзбахши деҳоти Навобод, майдончаи варзишӣ  дар маҳаллаи ҳаштуми шаҳраки Ҳисор, бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №80, воқеъ дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Ҳисор,  бинои иловагӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №76, воқеъ дар маҳаллаи Соҳибдилони шаҳраки Шарора, бинои якуми корхонаи парандапарварӣ дар маҳаллаи Сафобахши шаҳраки Шарора аз ҷумлаи иншооте мебошанд, ки ба истифода дода шуданд.

АМИТ «Ховар»
Tags: