Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳояшро дар Непал шуруъ кард

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки шоми 2-юми сентябр ба Катманду расид, ба бозии даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Непал омодагӣ мебинад. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар, ки дар меҳмонхонаи “Ҳимолой” қарор дорад, 3-юми сентябр, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар пойтахти Непал аввалин тамринашро ба анҷом расонд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 19 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Дар миёни онҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) - ҳастанд. Бозии даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Непал ва Тоҷикистон 5-уми сентябр дар Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:15 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили Непал:

 

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Ҷаҳонгир Алиев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.