Аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозати пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм дар пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 1999, ки айни замон дар муомилот мебошанд, баробар гардиш менамоянд.
АМИТ "Ховар"