То охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда боқӣ мемонад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад.

Имрӯз, 7 феврал дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда,  дар баъзе ҷойҳо барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт.

АМИТ "Ховар"

Tags: