Ҷамолиддин Абдуллоев дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон, ки дар Сантягои Чилӣ ҷараён дорад, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.
Ҷамолиддин дар даври муқаддамотӣ бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразилия), Петру Паливан (Молдова) ғолиб омада, аммо аз Марк Кристон (Булғористон), ки сазовори медали нуқра гардид, шикаст хурд. Дар рақобатҳо барои ҷои сеюм паҳлавони навраси тоҷик бар Лан Кукита (Аргентина) ва Байрам Кендемир (Туркия) ғалаба кард. Медали тиллоро дар вазни -66 кило варзишгари Ҷопон Ранто Катсура ба даст овард. Медали дигари биринҷӣ насиби Кеган Ёнг аз Канада шуд.
Аз кишвари мо дар чемпионати мазкур ба ғайр аз Ҷамолиддин Абдуллоев 4 варзишгари дигар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок доранд. То имрӯз рақобатҳо аз рӯи 4 вазн баргузор шуданд. Ду варзишгари мо – Қурбоналӣ Бозоров ва Разиаллоҳ Лоиқов дар марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило имрӯз – 11 август ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кило фардо – 12 август рӯи гилем мебароянд.
Рақобатҳо барои ба даст овардани медалҳо 9 август шуруъ шуда, то 13 август идома меёбанд. Дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок доранд.
ТВ Варзиш