Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Департаменти мониторинги молиявӣ Файзулло Файзуллозода ҷаласаи навбатии зергурӯҳҳои Гурӯҳи корӣ вобаста ба мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зергурӯҳҳои ин гурӯҳи корӣ бо мақсади гузаронидани низоми мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ба таври электронӣ таъсис шудаанд. Зимни вохӯрӣ ба аъзои зергурӯҳҳо аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони ҶДММ «Истэра» муаррифиҳо вобаста ба корҳои минбаъда оид ба танзими низоми мубодилаи маълумот пешниҳод шуданд. Инчунин аъзои зергурӯҳҳо мулоҳизаҳои худро вобаста ба тартиби нави мубодилаи маълумот баён намуда, зикр карданд, ки тартиби нав ба самаранокии низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом таъсири мусбат расонида, равандҳои иловагиро зимни мубодилаи маълумот аз байн мебаранд.
Файзулло Файзуллозода пешниҳод кард, ки барои хуб ба роҳ мондани ҳамкорӣ созишномаҳои дутарафа ба имзо расонида шаванд. «Ин созишномаҳо заминаи ҳуқуқии иловагӣ барои тартиби нави мубодилаи маълумот ба таври электронӣ мегарданд»,-гуфт ӯ.