Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз, 8 август ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистонро баргузор намуд. Дар ин бора агентии иттилоотии «Кабар» бо истинод ба шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон хабар медиҳад.
Сарвари давлати Қирғизистон зикр кард, ки Алмазбек Отамбоев Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Қирғизистонро дағалона вайрон намуда, ба гузаронидани чорабиниҳои тафтишотӣ дар доираи қонун муқобилияти сахт нишон додааст.
Жээнбеков тазаккур дод, ки Қирғизистон давлати ҳуқуқбунёд аст. Вазифаи давлат таъмини риояи қатъии талаботи қонун аз ҷониби тамоми шаҳрвандон мебошад.
Ӯ ба аъзои Шӯрои амният муроҷиат карда, зарурати иҷрои тамоми чораҳо ва андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро доир ба нигоҳ доштани волоияти қонун, сулҳ ва амният дар кишвар таъкид намуд.
Раиси КДАМ-и Қирғизистон Орозбек Опумбоев, вазири корҳои дохилӣ Кашкар Ҷунушалиев, Прокурори генералӣ Откурбек Ҷамшитов дар бораи вазъи баамаломада маълумот манзур намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қарори дахлдор қабул карда шуд.
АКС: АИ «Кабар»
АМИТ «Ховар»