«Toyota Land Cruiser»- и қочоқӣ дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт гардид

Гумрукчиёни тоҷик дар ҷануби Тоҷикистон аз қочоқи мошини гаронарзиш ба Афғонистон ҷилавгирӣ карданд. Зимни гузаронидани чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser-200» рақами қайди давлатиаш Н842 СО 0777-ро боздошт намуданд. Мошини мазкур аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон С.М.Н идора мегардид ва ба самти сарҳади Афғонистон равона буд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ маълум шуд, ки «Toyota Land Cruiser-200», ки соли бароришаш 2016 аст, аз сӯи шахсони номаълум бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-молшиносӣ, арзиши ин мошини қочоқӣ 480 000 сомониро ташкил медиҳад.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Манба: Амит"ХОВАР"