Фаррух Амонатов ғолиби «Остона Опен»-2017 гардид

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷашнвораи байналмилалии шоҳмот бо унвони «Остона Опен»- 2017 баргузор шуд. Дар доираи ин ҷашнвора ҳамчунин мусобиқаҳои байналмилалии шоҳмот низ диор гардиданд.  Дар қатори беш аз 300 нафар шоҳмотбозони қавӣ аз 13 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон бузургустоди шоҳмот (гроссмейстер) Фаррух Амонатов низ иштирок дошт.

Тавре  котиби генералии  Федератсияи  шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Юнусов ба  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин мусобиқа Александр Раҳмонов- бузургустоди шоҳмот (гроссмейстер) аз Федератсияи Россия довталаби асосии ғолибият дониста мешуд. Иштирокчӣ аз Тоҷикистон Фаррух Амонатов дар мусобиқаҳои шоҳмоти классикӣ ба рақобат пардохта, дар 9 даври мусобиқа 7,5 имтиёз ба даст овард ва тавонист бидуни шикаст ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмоти «Остона Опен»- 2017 гардад.

Ёдовар мешавем, ки Фаррух Амонатов соли 1992 чемпиони Осиё миёни ҷавонон шуда, аз соли 1996 то соли 2014 узви ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд. Фаррух Амонатов феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия  умр ба сар мебарад ва дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Tags: