Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» баргузор гардид.
Мақсади озмун баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, беҳтар намудани мундариҷа ва сифати фаъолияти онҳо дар шароити нави иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти соҳаи осорхонавӣ ва ба ин васила мусоидат дар ободонӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо буда, ҳадафи асосии он такмили шаклу услубҳо ва ба талаботи замони истиқлол мутобиқ гардонидани фаъолияти осорхонаҳои мамлакат ва шиносоии ҳарчи бештари шаҳрвандон бо мероси пурарзиши ниёгон мебошад.
Озмуни осорхонаҳо бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иштироки фаъолонаи осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар ду давр доир гардид.
Бояд гуфт, ки ғолибони даври ҷамъбастии озмуни «Оинаи таърих» аз ҷониби Вазорати фарҳанг бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, диплому ифтихорномаҳо ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, Шоҳҷоизаи озмун насиби Осорхонаи таърихии кишваршиносии шаҳри бостонии Ҳисор гардид.
Ҳамчунин ҷойи аввал ба Осорхонаи таърихии кишваршиносии «Авасто»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ду ҷойи дуюм ба осорхонаҳои ноҳияи Файзобод ва шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм ба Осорхонаи таърихиву кишваршиносии шаҳри Конибодом дода шуд.
Ғолибони озмун инчунин бо мукофотпулӣ: Шоҳҷоиза- 2000 сомонӣ, ҷойи аввал- 1000 сомонӣ, ҷойи дуюм- 750 сомонӣ ва ҷойи сеюм 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.