Рӯзи умумиҷаҳонии бародаршаҳрҳо: Душанбе бо 15 шаҳр дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аҳди бародарӣ бастааст

Бо қарори Федератсияи умумиҷаҳонии бародаршаҳрҳо (World Federation of United Cities) шурӯъ аз соли 1957 ҳамасола Рӯзи байналмилалии бародаршаҳрҳо охирин якшанбеи моҳи апрел ҷашн гирифта мешавад, ки имсол он ба 30 апрел рост омад.
Таърихи бародар гардидани шаҳрҳои ҷаҳон аз соли 1944, аз ҳамдардии сокинони ду шаҳр — Ковентрии Британияи Кабир ва Сталинград (ҳозира Волгоград)-и Федератсияи Россия ибтидо мегирад. Шаҳрҳои мазкур аз оқибатҳои даҳшатбори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пурра вайрону валангор гардида буданд. Сокинони шаҳри Ковентри барои сокинони шаҳри Сталинград дастурхон омода намуданд, ки дар он номи 830 зани ин шаҳр дӯхта ва чунин навишта насб гардида буд: «Аз зиёд афсӯс хӯрдан тақдими туҳфаи хурдакак беҳтар аст».
Сокинони ин шаҳр ҳадяи худро ҳамроҳи пулҳои ҷамъкардаашон тавассути Сафорати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Лондон ба сокинони шаҳри Сталинград ирсол карданд.
Ҳоло ин дастурхони таърихӣ дар музей – намоишгоҳи «Муҳорибаи Сталинград» маҳфуз аст.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2008 сокинони шаҳри Волгоград низ ба муносибати 65 — солагии бародарии шаҳрашон бо шаҳри Ковентри «Дастурхони сталинградӣ» омода ва онро тақдими сокинони шаҳри Ковентри намуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, айни замон Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 15 шаҳр дар давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ аҳди бародарӣ бастааст.
Байни шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Лусакаи Замбия (соли 1989), Санъои Ҷумҳурии Яман (соли 1988), Монастири Тунис ( соли 1967), Лаҳори Ҷумҳурии Исломии Покистон (соли 1976) Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия (соли 1989), шаҳри Боулдери ИМА ( соли 1987) Ройтлингени Олмон (соли 1991), Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (соли 1991), Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1995) ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон (соли 1992) Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расидааст.
Бо шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия соли 1991 дар шаҳри Душанбе ва бо шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус соли 1998 дар шаҳри Минск Шартнома дар бораи паймони бародаршаҳрии Душанбе бо ин шаҳрҳо баста шудааст.
Созишнома оид ба барқарор намудани робитаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой соли 1999 дар шаҳри Душанбе ва соли 2003 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия Декларатсияи муштарак дар бораи бародаршаҳрӣ ва Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Мунитсипалитети шаҳри Анқара ба имзо расидааст.
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Созишномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Халқии шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расидаанд.
Шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия яке аз бародаршаҳрҳои фаъол миёни дигар бародаршаҳрҳои Душанбе мебошад, ки сол то сол ҳамкории мутақобилан судманди онҳо густариш меёбанд.
Шаҳри Санкт-Петербург баъд аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, соли 1991 бо шаҳри Душанбе паймони бародаршаҳрӣ баст, ки дар ин рӯзҳо аз ин сана 26 сол пур мешавад.
30 апрели соли 1999 Созишномаи нав байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Санкт-Петербург дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расиданд.
Ҳамкории гуногунҷабҳаи бародаршаҳрҳо- Душанбеву Санкт- Петербург баҳри расидан ба ҳадафҳои судманд, ки ба нафъи сокинони ин шаҳрҳо нигаронида шуда, дар ҷодаи бунёди корхонаҳои саноатии муштарак, коркарди маҳсулоти агросаноатӣ, воридоти технологияи каммасрафи неруи барқ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, ҷалби инвеститсия ва соҳибкорони Санкт-Петербург оид ба рушди соҳибкории хурду миёна, интиқоли таҷҳизоти пешрафтаи тиббию саноатӣ, ҳамкорӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории инфрасохтори шаҳрӣ, маорифу тандурустӣ, таъминоти мактабҳои русии шаҳр бо китобу лавозимоти дарсӣ, афзудани квотаҳо барои донишҷӯён дар мактабҳои олии шаҳри Санкт-Петербург, ташкили курсҳои омӯзиши забони русӣ ва имтиҳонҳои мавҷуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбии шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити арзанда барои будубош ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ соли 2014 Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Он айём Георгий Полтавченко, мири шаҳри Санкт-Петербург ба шаҳри Душанбе омада, дар кори Конференсия оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки фарогири суҳбатҳо оид ба мавзӯъҳои «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ», «Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф», «Ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ» ва барпо намудани Биржаи равобити корхонаву муассисаҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Душанбе буд, иштирок намуд. Дар ҷараёни ҳамоиш Меморандум байни Ҳукумати Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории марбут ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шуд.
Дар доираи ин сафар Георгий Полтавченко бо ҳайати ҳамроҳон аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар он таълим бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, дидан намуда, бо ширкат дар раванди дарсҳои таълимӣ аз шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида барои муҳассилон изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ҳузури шаҳрдорон аз ҷониби маъмурияти мактабҳои №92-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва №261-и ноҳияи Кирови шаҳри Санкт-Петурбуг Созишномаи ҳамкории байнимактабӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар муассисаҳои алоҳидаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе маслиҳатҳои тиббии табибони шаҳри Санкт-Петербург ба сокинони Душанбешаҳр дар соҳаҳои ҷарроҳии дили кӯдакон, анестезиология, гинекология, неврология ва тибби оилавӣ ва семинар-мубоҳиса бо иштироки табибони шаҳри Санкт-Петербург роҷеъ ба ин масъалаҳо сурат гирифтанд.
Ҳамкории мутақобилан судманди шаҳри Душанбе бо дигар бародаршаҳрҳо низ дар ҳоли рушд қарор дошта, муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангии онҳо ҳамасола таҳким меёбанд.
Шаҳри Душанбе бо пойтахти Федератсияи Россия низ паймони ҳамкорӣ дошта, 13 октябри соли 1994 дар шаҳри Москва байни Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Москва Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ ба тасвиб расидааст.
29 ноябри соли 1996 дар шаҳри Москва байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Созишномаи нав оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ имзо карда шуд.

Рухсораи НУР
Амит"ХОВАР"

Tags: