Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода: Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт расонад

Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Дар нимсолаи якуми соли 2019  истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ 10 млрд. 130,6 млн. кВт. соатро  ташкил  дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта  617,1 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 106,5 фоиз (бо дарназардошти 286 адад НБО-и хурд)  таъмин карда шуд. Дар ин бора имрӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд.

Усмоналӣ Усмонзода ба саволи хабарнигорон дар бораи саҳеҳияти хабари аз 1 сентябри соли равон қимат шудани нархи барқ посух дода, гуфт, ки «дар мавриди боло рафтани нархи неруи барқ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Барои пайдо намудани маълумоти бештар метавонанд ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд».

«Дар давраи ҳисоботӣ  неруи барқ аз  ҷониби  барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат, аз ҷумла дар ШСХК «Барқи Тоҷик» 8 млрд.74,9 млн. кВт. соат, дар  ҶСК НБО «Сангтўда-1»  1 млрд. 286,5 млн.  кВт.соат, дар  ҶСК НБО “Сангтўда-2”  443,9 млн. кВт. соат, дар  ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 104,4 млн. кВт. соат истеҳсол шудааст»,-зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи вазир, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 8,8 ҳазор  кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш  109,2 фоизро ташкил медиҳад.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо натиҷаҳои нимсолаи якуми  соли 2019 1 млрд. 257,4 млн  кВт.соат  соатро ташкил дод (аз ҷумла 2,8 млн. кВт.  соат аз ҳисоби ҶСК «Помир-Энерҷӣ»), ки  ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  314,2 млн. кВт зиёд буда, суръати афзоиш 133,3 фоизро ташкил дод.

АМИТ «Ховар»

Tags: