Субҳи имрӯз соати 04:25 аз тарафи танзимгари Ширкати IRS маълумот гирифта шуд, ки дар километри 47-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд мошини боркаши тамғаи «Volvо», таҳти идораи марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд дар натиҷаи бархӯрд ба кўҳ ба садама дучор шудааст.
Ба ҷойи ҳодиса дастаи махсуси наҷотдиҳии Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида, мусофири мошини мазкур бо гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб интиқол дода шуд.
Ҳамчунин ронанда, ки дар дохили мошин дармонда буд, баъд аз бурдани корҳои наҷотдиҳӣ соати 06:34 наҷот дода шуда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб интиқол дода шуд.
АМИТ "Ховар"