Дар ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтакаи Рашт, раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, кормандони шуъбаву бахшҳо, имомхатибон, раисони деҳаҳо ва падарону модароне, ки фарзандонашон дар муқовиматҳои Ироқу Сурия иштирок доранд ва фарзандоне, ки дар мадрасаҳои ҷумҳурии исломии Покистон ғайрирасмӣ таҳсил доранд, доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои террористию экстремистӣ вохӯрии судманд доир гардид.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мақсади ҷамъомад аз рафъи омилҳои номатлуб дар ҷомеа, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ватандӯстӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон иборат буд.
АМИТ "Ховар"