Ҳамлаи маргбор дар рӯзи таҷлил аз истиқлоли Фаронса

Дар шаҳри Нитсаи Франсия ҳангоми таҷлил аз ҷашни миллии ин кишвар — Рӯзи гирифтани Бастилия як мошини борбар тахмин соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ ба анбуҳи мардум  бархӯрда,  сипас силоҳдорон сӯи одамон тир кушодаанд. Вазири корҳои дохилии Фаронса мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса бар асоси иттилои охирин 80 нафар кушта шуда, вазъи 18 тан аз маҷруҳон вазнин гуфта мешавад.
Расонаҳои Фаронса менависанд, «миёни пулис ва одамони дохили мошин ҳам тирпарронӣ сурат гирифтааст». Пулис аз мардум хоҳиш кардааст, ки дар хонаҳояшон бимонанд.
Агентии Reuters  бо истинод бо намояндаи мақомот хабар дод, ки ронандаи мошин ҳангоми тирпарронӣ аз ҷониби пулис кушта шуда, дар бордони мошин силоҳи оташфишон дарёфт карда шудааст.
Бино ба навиштаи рӯзномаҳои маҳаллӣ, гувоҳномае, ки аз мошини борбар дарёфт шудааст, ба як марди 31-солаи фаронсавии туниситабор мутааллиқ аст. Пулиси Фаронса дар ҳоли таҳқиқ аст, то мушаххас кунад, ки оё гувоҳнома аз ронанда аст ё каси дигар.
Дар остонаи таҷлил аз ҷашни мазкур дар Фаронса чораҳои амниятӣ пурзӯр шуданд. Наздики 11 500 корманди хадамоти амниятӣ дар гузашти анъанавии низомӣ дар Порис ширкат карданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: