385 иншоот ва 5773 манзили зисти шаҳрвандон таҳти санҷиши зиддисӯхторӣ қарор гирифтанд

Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар иншооти муҳими давлатии баландошёна, хобгоҳу манзилҳои истиқоматӣ аз ҳисоби ҳайати шахсии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он, инчунин Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсия ва идораҳои фурӯши барқ гурӯҳҳои корӣ таъсис шуданд.
Тавре аз Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз ҷониби гурӯҳҳои мазкур 385 иншоот ва 5773 манзили зисти шаҳрвандон таҳти санҷиш қарор дода шуда, ба 13 ҳазору 670 нафар шаҳрвандон қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор омӯзонида шуданд.
«Дар баробари гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботии зиддисӯхторӣ дар биноҳои истиқоматии баландошёна, инчунин хонаҳои баландошёни навсохту нотамом мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Нисбат ба 25 нафар мутасаддиёни иншооти номбурда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ҷарима баста шудаанд», -иттилоъ дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: