Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати кишвар таҳти унвони «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмию амалӣ оғоз гардид.
Тибқи рӯзнома ҳамоишро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, дар он Ашӯрбой Солеҳзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон ва Светлана Лебедева, Ректори Донишгоҳи иқтисод, савдо ва кооператсияи Ҷумҳурии Беларус сухан гуфтанд.
Дар конфронс аз ҷониби ширкаткунандагон дар мавзӯъҳои мушкилоти рушди бозори меҳнат ва роҳҳои ҳалли он дар шароити ҷаҳонишавӣ, сиёсати соҳавӣ ҳамчун механизми татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи саноат, имкониятҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ва дармонбахшӣ, роҳҳои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои иқтисодӣ маърӯзаҳо шунида мешаванд.
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Беларус. Қазоқистон, Қирғизистон ва олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ширкат меварзанд.
Зимни баргузории конфронс ҷаласаҳои гурӯҳӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон боздиди иштирокчиёни конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз ҷараёни фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва корхонаи саноати кимиёвии ноҳияи Ёвон дар назар аст. Конфронс ду рӯз идома меёбад.
АМИТ "Ховар"