Шоми имрӯз бориши барф дар ҷумҳурӣ шиддат ёфта, ҳарорати ҳаво 7-8 дараҷа поён мефарояд.
Имшаб дар аксари ноҳияҳо ҳавои абрнок ва боридани барфи пуршиддат дар назар дошта шудаст.
Пагоҳ, 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимоли фаромадани туман вуҷуд дорад.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон ҳарорати ҳаво дар Суғд шабона то -2+3 дараҷа, рӯзона 1- 6 дараҷа гарм, Хатлон шабона — 2+1 дараҷа, рӯзона 2-7 дараҷа гарм, навоҳии тобеи марказ шабона 0 -5 дараҷа хунук ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм, дар ғарби ВМКБ шабона -4-9 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ «Ховар»