Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони пойтахт 15 феврали соли 2017 доир гардида буд, шанбеи гузашта Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои азнавсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, нахуст Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаи азнавсозии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дидан намуданд. Лоиҳаи анзнавсозии боғи мазкур аз ҷониби ҶДММ «Суғдшаҳрофар» ва сохтмончиёни 5 ширкати вилояти Суғд амалӣ мешавад. Тибқи тарҳи нав дар боғи мазкур иншооти ҷадид, аз қабили даромадгоҳ, истгоҳи нақлиётӣ, амфитеатр, бинои маъмурӣ, таҷдиди ҳайкалҳои Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, ду шипанг ба андозаи 12 бар 12 метр ва дигар иншооти фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ шудааст.
«Зимни шиносоӣ ва боздид аз маҳалли ободонӣ Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи сохтмончиёнро ба анҷоми корҳои босифат, истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, бунёди роҳраву гулгаштҳои замонавӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири рӯшноидиҳанда ҷалб намуда, пешниҳод кард, ки тарҳи амфитеатр бояд аз дигар чунин иншооти шаҳр ба куллӣ фарқ дошта бошад ва барои 1200 ҷойи нишаст тарҳрезӣ шавад. Яке аз вазифаҳои асосӣ дар таҷдиди иншоот бунёди майдончаҳо барои кӯдакон маънидод гардид»-, зикр намуд манбаъ.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт бунёди 78 майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби вазорату идораҳо ва соҳибкорони алоҳида бунёд мегарданд. Сарвазири мамлакат бо ҷараёни бунёди майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон дар ҳудуди хонаҳои хиёбони Рӯдакӣ №96 ва кӯчаи Маҳмадулло Холов №4, ки бо ибтикори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад, аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи унсурҳои бинокорӣ ва ҳар чӣ хубтар истифода бурдани масолеҳи хушсифат аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.
Кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки дар ободонии назди биноҳои истиқоматии 14 ва 16-и маҳаллаи 11, кӯчаи ба номи М.Шерализодаи ноҳияи Сино саҳмгузор бошанд. Дар ин маҳалла дар масоҳати умумии 3675 метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ва ободонии майдони варзишӣ, аз ҷумла барои волейболу баскетбол ва футбол, майдонҳо барои кӯдакон ва тамрин ва дигар иншоот ба накша гирифта шудааст. Масъулон изҳори итминон намуданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин иншооти варзишӣ — истироҳатиро барои истифода омода месозанд.
Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳр ҳамчунин аз маҳалли бунёди майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон дар назди бинои истиқоматии рақами 79, воқеъ дар маҳаллаи 23, кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ, ки корҳои ободониву бунёдии онро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст, дидан намуданд. Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 750 метри мураббаъ буда, арзиши сохтмон беш аз 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Хотиррасон менамоем, ки Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе бунёди 5 адад чунин майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконро ба зимма гирифтааст.
Дар бунёди майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ низ саҳми намоёни худро мегузоранд. Бо ибтикори кормандони Агентӣ дар маҳаллаи бинои 76-и кӯчаи Неъмат Қарабоев бунёди маҷмааи варзишӣ-истироҳатӣ ҷараён дорад. Дар сохтмони иншоот бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ шаклу усулҳои нави сохтмонӣ ва унсурҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷараёни боздид аз маҳаллҳои ободониву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи истифодаи масолеҳи ба шароити иқлими маҳал мутобиқ ва таҷҳизоти варзишиву истироҳатии ҳозиразамон дахл карда шуд.
Азнавсозӣ ва таҷдиди Муассисаи давлатии Боғи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дар масоҳати 24 гектар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба зимма гирифтааст. Хар як минтақаи сохтмонии чорбоғ ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида вобаста карда шудаанд. Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи азнавсозӣ ва ободкории чорбоғ Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи лоиҳакашон ва масъулини корҳои бунёдкориро бо назардошти ҷойгиршавии маҳалли иншоот ва шумораи аҳолӣ дар азнавсозии он ҷалб кард.
Таъкид гардид, ки Боғи «Дӯстии халқҳо», яке аз марказҳои калони фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ба шумор меравад ва аз ин лиҳоз зимни азнавсозӣ бояд ба бунёди роҳравҳои замонавӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ба гармову сармо тобовар, чароғонкунии дохил ва атрофи боғ диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ба масъулини корҳои бунёдкориву ободонӣ дастур дода шуд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда тамоми корҳои марбут ба тарҳрезӣ, лоиҳакашӣ ва ободониву сохтмониро таҳия карда, дар наздиктарин фурсат ба ҳукумати шаҳр пешниҳод намояд.
Масъулини корҳои азнавсозиву ободонии Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ Сарвазири мамлакат ва роҳбарияти шаҳри Душанберо бовар кунонданд, ки вазифаҳои ба уҳдадоштаашонро то ҷашни Рӯзи Истиқлолият бо сифати баланд иҷро менамоянд.
АМИТ "Ховар"