Дар вилояти Хатлон курсҳои омӯзишии «Духтарони сарвар» ба кори худ оғоз намуданд. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Халон иттилоъ доданд, курсҳои мазкур аз ҳисоби 51 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳу коллеҷҳои донишкадаҳои вилоят дар асоси озмун таъсис дода шудаанд.
Машғулияти аввалини курсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Хусусиятҳои сарварии занон дар замони муосир» барои 25 нафар шунаванда доир гардид. Онро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода гузаронида, дар бораи хусусиятҳои хоси занони сарвар ва саҳми занон дар пешрафти ҷомеа суҳбат намуд.
Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, машғулиятҳо барои шунавандагон ҳар ҳафта як маротиба баргузор гардида, то охири моҳи июн идома меёбанд. Ба шунавандагон сертификат оид ба хатми курсҳо дода мешавад.
Чунин курсҳои омӯзишӣ дар шаҳри Кӯлоб низ оғоз шуданд.
АМИТ "Ховар"