Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар асоси муроҷиати роҳбарияти Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон барои безарар гардонидани як миқдор маводи доруворӣ комиссияи махсус таъсис дод. Дар ин бора аз маркази матбуоти Хадамоти мазкур хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, сабаби нобуд кардани дорувор гузаштани муҳлати истифодаашон мебошад. Беморхона барои нобуд намудани 72 номгӯй ё 13 ҳазору 988 адад дору, ки вазни холисашон 700 кг-ро ташкил медиҳад, дархост пешниҳод намуд.
Ин миқдор маводи доруворӣ дар ҳузури комиссияи босалоҳият сӯзонида шуд.
Бояд гуфт, ки рохбарияти Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти сари вақт безарар гардонидани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта бо Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ пайваста ҳамкорӣ менамояд.
АМИТ "Ховар"