Имрўз дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори сержантону сарбозоне, ки курси прапоршикиро хатм намудаанд, ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Бобоҷон Ҷамолзода, Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷовонон дар роҳи интихобкардаашон садоқату устуворӣ таманно намуда, гуфт: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ-арҷгузорӣ ба Ватан-Модар мебошад. Зеро имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавононе, ки хизмати Модар-Ватанро анҷом додаанд, барои идомаи таҳсил дар макотиби олии кишвар имтиёз додааст ва Гвардияи миллӣ барои амалӣ шудани он ва соҳибмаълумот гардидани хизматчиёни ҳарбӣ шароити мусоид фароҳам меорад».
АМИТ «Ховар»