Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») дар бозорҳои истеъмолии мамлакат назорати ҷамъиятиро ба роҳ монд. Дар ин бора аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд.
Бо ин мақсад суроғаи расмии Агентии «Тоҷикстандарт» дар шабакаи иҷтимоии Facebook: fb.me/tojikstandart, дар Instagram: www.Instagram.com/standard.tj ва рақами Viber-ии 988 -50-22-22 фаъол карда шуд.
Сокинони мамлакат дар ҳолати ошкор кардани молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта метавонанд бо суроғаҳои мазкур ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд.
АМИТ «Ховар»