Кашфи изи пойи 1,7 метраи диназаврҳо дар Австралия

Олимони Австралия дар соҳилҳои қисми ғарбии кишвар изи пойи бузургтарин гурӯҳи диназаврҳоро пайдо кардаанд.
Аз рӯи таҳқиқоти олимон нишонаи диназаврҳо дар сангҳо 140 миллион сол қабл дарҷ гардида, изи пойҳояшон қариб 1,7 метрро ташкил медиҳад.
Донишмандони донишгоҳи Квинсленд бар он назаранд, ки ин кашфиёт ба илми палеанталогия шабоҳат надорад. Олимон ин кашфиётро дар минтақаҳои наздисоҳилии нимҷазираи Дампер пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи олимон ин нишонаи гурӯҳи диназаврҳо, аз ҷумла Стегозаврҳо ва баъзе аз диназаврҳои калонтарине мебошанд, ки миллионҳо сол қабл дар рӯи замин гаштугузор мекардаанд.

Tags: