Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳузнангези ҷон бохтан ва осеб дидани теъдоди зиёди шаҳрвандон бар асари сар задани сӯхтор дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Миряни Ҷумҳурии Корея боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин фоҷеаи ғамангез ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».