Пойтахт дорои макони баргузории ярмаркаҳо мегардад

Минбаъд дар майдони назди «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ярмаркаҳои  доимоамалкунандаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил карда мешавад.
Ин тадбир бо мақсади таъмини доимии бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ва дигар молҳои ниёзи аввал ва ба низом даровардани  раванди баргузории ярмаркаҳо дар ҳудуди  пойтахт андешида шудааст.
Инчунин дар ин майдон аксияҳои гуногуни таблиғотии молистеҳсолкунандагони ватаниву хориҷӣ гузаронида шуда, дар рӯзҳои истироҳатӣ ва арафаи ҷашну идҳо ба соҳибкорон, ширкатҳо ва хоҷагиҳои деҳқоние, ки молу маҳсулот истеҳсол мекунанд, барои иштирок дар онҳо ба таври ройгон иҷозат дода мешаванд.
Дар ин росто, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе ба масъулини сохторҳои марбутаи пойтахт дастур додааст, ки  дар асоси муқаррароти қонунгузорию санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ назорати сифати молу маҳсулоти пешниҳодшударо дар ярмаркаҳо ва  вазифаю ваколатҳояшонро ҳангоми баргузории ярмаркаю аксияҳои  таъмин намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: