Аз 25 то 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ таҳти унвони «Гавҳари Роҳи абрешим- Тоҷикистон рӯи худро ба ҷаҳон мекушояд ва ҷаҳон Тоҷикистонро дарк менамояд!» баргузор мегардад.
Намоиш аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии табодул «Саёҳат ба хотири сулҳ» бо ҳамкории Бунёди мукофоти сулҳи Роҳи абрешим ва Бунёди аврупоию чинии фарҳанг ва маълумот таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ташрифи меҳмонон ва рассомон аз 45 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Ҳамчунин меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва боғи Ирами пойтахт дидан мекунанд ва дар мавзеъҳои мазкур барои рассомон пленэр ташкил хоҳад шуд.
АМИТ «Ховар»