Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бобати вусъат бахшидани корҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиш таҳти унвони «Наврӯз биё, Ватан барафрӯз!» доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода зикр кард, ки раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолзанон ва дигар масъулони сохторҳои кудратии ноҳия баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз саҳми сазовор гузошта метавонанд ва онҳоро барои ҷоннок намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ даъват намуд.
Раиси ноҳия ба иштирокдорони ҳамоиш оид ба «Нақшаи генералии ноҳияи Муъминобод» маълумот дода, дар ин замина бунёди чандин муассисаву ташкилот ва марказҳои савдову хизмати маиширо, ки боиси боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия мегарданд, таъкид намуд.
Номбурда ҳамчунин аз ҳозирин риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон », «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро хотирасон намуда, даъват намуд, ки то ҷашни Наврӯз кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, роҳраву хиёбонҳоро тозаю озода гардонанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис гардид.
АМИТ «Ховар»