Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022» муаррифӣ гардид

ТВТ: 11.05.2022. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 ширкати сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022», ки аз 9 то 12 май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён мегирад, муаррифӣ доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар гӯшаи сайёҳии кишвар бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардидаанд.

Маҳз дар партави сиёсати созанда ва «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бузурги байналмилалии сайёҳӣ мунтазам муаррифӣ менамоянд.

Бозори «Travel Arabian» (ATM) бузургтарин намоишгоҳи тиҷоратии дохилӣ ва берунӣ дар Ховари Миёна буда, имсол солгарди 27-уми худро ҷашн мегирад. Ҳар сол дар он ҳазорон маҳсулоти сайёҳӣ ба меҳмонон ва мутахассисон аз саросари ҷаҳон намоиш дода мешаванд.

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market» роҳи самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои туристии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Манбаъ: АМИТ "Ховар"

Tags: