Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Сипас баъди баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул гардиданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» пешниҳод карда шуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб», «Дар бораи Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021», «Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Варзоб», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дода шуданд, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили имсолаи меваю сабзавот ва ғалладонагиҳо, афзун намудани содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, танзими нарху навои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва расонидани кумак ба ятимону эҳтиёҷмандон дар арафаи Иди саиди Фитр дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
АМИТ «Ховар»