Қарори иҷрокунандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурўши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврўз — 2017 дар шаҳри Душанбе» бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврўз ва таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ ба тавсиб расидааст.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Раиси шаҳри Душанбе хабар дода афзудааст,ки тибқи қарори мазкур ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ аз 18 то 20-уми марти соли 2017 дар таваққуфгоҳи назди КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурўши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», кўчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон) барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Рўдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот», қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дўстии халқҳо» барои муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор мегарданд.
«Тибқи ин қарор вазорату кумитаҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, ҷойгир кардани хайма, раста ва чодарҳои сабуки савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгўй мебошанд, ҷалби ҳарчи бештари сокинону меҳмонони шаҳр ба он, инчунин ҳавасмандгардонии моддию маънавии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар субъектҳои истеҳсолӣ вазифадор гардиданд», — афзуд манбаъ.