297 шаҳрванди Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

28-29 июн дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон  297 шаҳрванди мамлакат ба Ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ҷумла, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи «Дустӣ»-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд.

Ҳамчунин, 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: