Туҳфаи шаҳрдори Хуҷанд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ифтихори Рӯзи Президент

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода зимни шиносоӣ бо шароити парвариш ва таълиму тадриси кӯдакони Мактаб-интернати махсуси ёрирасони шаҳр, Муассисаи давлатии махсусгардондашудаи табобатии Хонаи кӯдакони шаҳр, ширхоргоҳ-кӯдакистони№ 26 барои тифлони нутқу шунавоиашон нуқсондор ва Мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ба тамоми тарбиятгирандагони ин муассисаҳо либосҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
«Раиси шаҳри Хуҷанд меҳмони барномаи рангини адабӣ-фарҳангии муҳассилини ин мактабҳо гардида, баробари таманниёти нек таъкид намуд, ки пайваста илм омӯзанд»,-иттилоъ доданд аз маркази иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: