Тавассути 8-умин Фестивали рақсу мусиқӣ дар Ҳиндустон робитаҳои фарҳангии кишварҳо таҳким меёбанд

Дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон аз 13 то 18 январи соли 2018 8-умин Фестивали байналмилалии рақсу мусиқӣ баргузор   мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур аз ҷониби Шӯрои Ҳиндустон оид ба пешбурди муносибатҳои фарҳангӣ  бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангии байни кишварҳо ташкил мегардад.

Аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ барои иштирок дар ин ҷашнвора гурӯҳҳои рақсӣ ва овозхонии иборат аз 8-10 нафар даъват карда мешаванд.

Хоҳишмандони иштирок дар ҷашнвора барои маълумоти муфассал оид ба шартҳои иштирок ва супоридани аризаи дархостӣ бояд ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

АМИТ "Ховар"

Tags: