Ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи бехатарии сейсмикиро қабул хоҳад кард. Лоиҳаи қонуни мазкур 13 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.
«Ҳадафи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» таъмини бехатарии сейсмикии аҳолӣ ва ҳудуди кишвар аст»,- мегӯяд Садриддин Шарифов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҷурахон Маҷидзода таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқию ташкилиро дар соҳаи баҳодиҳии хатар, сохтмони бино ва иншооти ба зилзила тобовар, огоҳкунии пешакии аҳолиро бо мақсади ҳифзи шаҳрвандони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда ба танзим медарорад.
Манба: Амит"ХОВАР"