Назарзода: «2900 нафар барои бемасъулиятӣ ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд»

«Дар соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 693 ҷиноят содир шудааст, ки ин нисбат ба соли 2015 49 ҷиноят ё 6,6 % кам мебошад», — зикр кард Ҳотам Назарзода, муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳ.Назарзода ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2016 вобаста ба назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, 2900 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуда, 474 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар нишаст ҳамчунин зикр гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз тарафи прокуророн дар байни аҳолӣ 10 600 суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма теъдоди зиёди маводи таҳлилӣ оид ба иҷрои қонун, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба нашр расиданд.

Tags: