Китоби арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» бо ташаббус ва ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бори дуюм ва бо сифати баланд ба табъ расид.
Ин китоби арзишманд аз ҷониби доираҳои илмӣ, фарҳангӣ, динӣ ва хонандагони сершумори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истиқболи гарм ёфт ва ниҳоят зарурӣ арзёбӣ гардид.
Китоб аз ҷониби интишороти Амирӣ бо ҳуруфи ниёгон ва бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид.