Абдуваҳҳоби Абдусаттор соли 1984 ба дунё омадааст.
Номбурда факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро соли 2006 хатм намудааст.
Абдуваҳҳоб фаъолияти кориашро соли 2003 дар ҳафтаномаи «Омўзгори ҷавон» ба ҳайси хабарнигор шурӯъ намуда, зиёда аз 50 мақолааш дар матбуоти даврии кишвар ба табъ расидааст.
Ӯ солҳои 2006-2010 дар Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии радиои «Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир ва муҳаррири варзида фаъолият намуда, муаллифи барномаҳои радиоии «Амвоҷи сухан», «Меҳрпайванд» ва «Муҳоҷир» мебошад.
Дар солҳои 2010-2014 бошад, Абдуваҳҳоб фаъолияти худро дар Идораи барномаҳоии иттилоотии «Ахбор»-и «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррири варзида ва баъдан муовини сармуҳаррир идома дода, аз моҳи январи соли 2014 то моҳи апрели соли 2015 вазифаи сармуҳаррири Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии «Телевизиони Тоҷикистон»-ро ба ӯҳда дошт. Мавсуф айни замон муовини аввали сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» мебошад.
Абдуваҳҳоб бо «Ифтихорнома», нишони «Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.